ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, чоршанбе, 221-умин рӯзи соли 2023 аст
9 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.
***
9 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Маркази минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид.
***
9 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.
9 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии мардуми маҳаллӣ
***
Рӯзи китобдӯстдорон
***
Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.
***
Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.
РӮЙДОДҲО:
9 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-ро ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
***
9 августи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед мулоқот намуданд.
***
9 августи соли 2008 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ гардид.
***
9 августи соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.
***
Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Ҷопон бомбаи атомӣ партофта шуд.
***
Соли 1992 дар Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Юнус Юсупов -соли 1949- ҳунарпеша ва коргардони синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001), дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои умумиитифоқӣ. Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ (1980)