Табларзаи денге хатари ҳамагирӣ дорад

Август 13, 2023 13:19

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як шабонарӯзи охир дар Бангладеш 12 нафари дигар аз табларзаи денге фавтиданд, як рӯз қабл марги 13 нафар сабт шуда буд. Ин беморӣ дар Ҳиндустон низ афзоиш меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба АБИ «Казинформ».

Дорувории мушаххас барои ин намуди беморӣ мавҷуд нест. Усули асосии табобат имрӯз танҳо муолиҷаи симптоматикӣ (аломатҳои он) мебошад. Дар маҷмуъ ҳолатҳои сироятёбиро асосан дар минтақаҳои дорои иқлими тропикӣ ва субтропикӣ сабт менамоянд.

Дар як шабонарӯз қариб 3 ҳазор ҳолати бистарикунонӣ сабт шуда, 12 нафар фавтидаанд. Паҳншавии табларзаи денге дар Бангладеш идома дорад.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии фавтидагон имсол аз 350 нафар  гузаштааст.

Боришу обхезӣ низ яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани фазои мусоид барои ҳашарот, аз ҷумла хомӯшакҳо, ки интиқолдиҳандаи асосии вирусҳо мебошанд, буда метавонад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои  боз

Август 13, 2023 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад