Табларзаи денге хатари ҳамагирӣ дорад
ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як шабонарӯзи охир дар Бангладеш 12 нафари дигар аз табларзаи денге фавтиданд, як рӯз қабл марги 13 нафар сабт шуда буд. Ин беморӣ дар Ҳиндустон низ афзоиш меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».
Дорувории мушаххас барои ин намуди беморӣ мавҷуд нест. Усули асосии табобат имрӯз танҳо муолиҷаи симптоматикӣ (аломатҳои он) мебошад. Дар маҷмуъ ҳолатҳои сироятёбиро асосан дар минтақаҳои дорои иқлими тропикӣ ва субтропикӣ сабт менамоянд.
Дар як шабонарӯз қариб 3 ҳазор ҳолати бистарикунонӣ сабт шуда, 12 нафар фавтидаанд. Паҳншавии табларзаи денге дар Бангладеш идома дорад.
Ҳамин тариқ, шумораи умумии фавтидагон имсол аз 350 нафар гузаштааст.
Боришу обхезӣ низ яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани фазои мусоид барои ҳашарот, аз ҷумла хомӯшакҳо, ки интиқолдиҳандаи асосии вирусҳо мебошанд, буда метавонад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






