Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар Канада баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва тағйирёбии иқлим зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири рушди байналмилалии Канада Аҳмед Ҳуссен баррасӣ гардид. Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мулоқот дар ҳошияи Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ дар шаҳри Ванкувери Канада доир гардид.
Мусоҳибон доир ба масъалаҳои марбут ба экология, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, хусусан баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар чор сол як маротиба баргузор мегардад. Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи он оғози фаъолияти Фонди глобалии гуногунии биологӣ (GBFF) мебошад, ки ба сармоягузории соҳаи экологияи кишварҳои дар ҳоли рушд мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон