Вазорати фарҳанг ба ёдгории шаҳристони Тахти Сангин пресс-тур ташкил менамояд
ДУШАНБЕ, 29.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рўзҳои наздик бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин бо ҷалби коршиносону мутахассисон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ба ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ пресс-тур ташкил намояд.
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли равон дар мамлакат 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил карда мешавад.
Тибқи иттилои масъулин, оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин озмун гузаронида шуда, албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти ин ёдгории таърихию фарҳангӣ чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ зиёд ва китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» таҳия ва чоп гардад.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон баргузории намоиши «Тахти Сангин — ёдгории фарҳангии антиқии Тоҷикистон» дар назар дошта шуда, моҳи октябри соли 2023 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
АКС: манбаъҳои боз








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






