Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи Гурӯҳи мамлакатҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ иштирок намуд

Сентябрь 22, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи мамлакатҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDC) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ ба аҳамияти татбиқи иқтидори транзитии мамлакатҳои маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла амалисозии долонҳои нақлиётию транзитии минтақавӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва иқлим рӯй оварда, онҳоро ҳамчун самтҳои авлавиятноки мамлакат унвон намуд ва аз давлатҳои LLDC даъват намуд, ки аз имконияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” истифода намуда, дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об (июни 2024) фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид