Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Baku Grand Slam 2023 оид ба гӯштини ҷудо муайян шуданд

Сентябрь 22, 2023 09:38

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи «Baku Grand Slam 2023» оид ба гӯштини ҷудо оғоз шуд, ки то 24 сентябр идома меёбад. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистонро 8 ҷудочӣ — Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг, Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг ва Мансур Раҳмон ҳамроҳ бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100 кг муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

21 сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон маросими қуръакашии мусобиқаи «Baku Grand Slam 2023» доир гардид. Дар мусобиқа 447 варзишгар аз 61 давлат иштирок намуд. Пас аз натиҷаи қуръакашӣ дар даври аввал 22 сентябр Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг бо Йелдос Сметов аз Қазоқистон, Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг дар даври аввал бо Страҳинҷа Бунчич аз Сербия дар ҳамин рӯз гӯштин мегиранд.

23 сентябр Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг дар даври аввал бо Жансай Смагулов аз Қазоқистон ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг дар даври дуюм бо Лачлан Мурҳид аз Британияи Кабир гӯштин мегиранд.

Дар рӯзи охири мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Владимир Ахалкатски аз Гурҷистон ва Даниел Нието аз Испания неру месанҷад. Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг дар даври аввал бо Иссаан Беззина аз Малта, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100 кг дар даври аввал бо Мариус Физел аз Словакия ва Мансур Раҳмон дар вазни +100 кг дар даври аввал бо Хориучи Филип аз Амрико дар ҳамин рӯз гӯштин мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи «Baku Grand Slam 2023» оид ба гӯштини ҷудо аз 22 то 24 сентябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир мегардад. Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Сентябрь 22, 2023 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд