«ҶАВОНОН-ТАҲКИМБАХШИ ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Бо иштироки беш аз 400 ҷавони фаъол ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар баробари дигар қишри ҷомеа дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ содиқонаву софдилона фаъолият доранд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои Истиқлолияти давлатӣ бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон-таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат» баён гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 400 нафар ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ доир шуд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур — ин дар замири ҷавонон парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва қадр намудани хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби қишри фаъоли ҷомеа мебошад.
Таъкид шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон чун дигар ҷавонони ҳамнабзи сайёра навоварӣ менамоянду худро ҳамқадами аср меҳисобанд, ки ин ҳама самараи Истиқлолияти мамлакат ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тавре Сарвари давлат изҳор намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор менамоем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат менамоянд».
Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаву идораҳо, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, волонтёрон, ҷавонони фаъоли мамлакат ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар фарҷом ба як зумра ҷавонону варзишгарони фаъоли мамлакат мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ супорида шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






