«ҶАВОНОН-ТАҲКИМБАХШИ ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Бо иштироки беш аз 400 ҷавони фаъол ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 6, 2023 17:02

ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар баробари дигар қишри ҷомеа дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ содиқонаву софдилона фаъолият доранд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои Истиқлолияти давлатӣ  бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон-таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат» баён гардид, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 400 нафар ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ доир шуд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур — ин дар замири ҷавонон парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва қадр намудани хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби қишри фаъоли ҷомеа мебошад.

Таъкид шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон чун дигар ҷавонони ҳамнабзи сайёра навоварӣ менамоянду худро ҳамқадами аср меҳисобанд, ки ин ҳама самараи Истиқлолияти мамлакат ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре Сарвари давлат изҳор намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор менамоем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат менамоянд».

Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаву  идораҳо, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, волонтёрон, ҷавонони фаъоли мамлакат ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар фарҷом ба як зумра ҷавонону варзишгарони фаъоли мамлакат мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ супорида шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2023 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ