БАРХӮРДИ НОМУНОСИБИ ЭҶОДӢ БА БАЪЗЕ ҲАВОДИСИ РӮЗГОР. Нигоҳе ба навиштаҳои дурӯғину тафриқангези Абдухалил Холиқзода дар китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман»

Сентябрь 15, 2023 12:53

ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Баъди нашри китоби ёддоштии соҳибкори ватанӣ Абдухалил Холиқзода  “Ҳаводиси рӯзгори ман” (ниг.: Холиқзода Абдухалил. Ҳаводиси рӯзгори ман. Муҳаррир Толиб Луқмон. -Душанбе, 2023. -288 саҳ.) дар байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёде иттифоқ афтод, ки онҳо  бар асоси баъзе бахшҳои баҳсноку суолбарангези китоб ба амал омадаанд.

Чун баъзе бахшҳои китоб қобили мулоҳизаи ҷиддӣ мебошанд, зарур донистем дар чанд нуктаи мухтасар сари онҳо таваққуф намоем:

 

  1. Аввалан китоби мазкур аз ҷиҳати банду баст ва баёни мантиқии ҳодисаву воқеот, баҳодиҳии мунсифона ва беғаразона ба авзои замон, тарзу усули баёни матлаб, ки жанри ёддошт онро талаб менамояд, ҷавобгӯ намебошад ва хонандаро ба гумроҳиву каҷфаҳмӣ мебарад.
  2. Дар муқаддимаи китоб муаллиф бар он ишора мекунад, ки ба хотири бозкушоии камбуду заъф ва тарғиби муваффақияти мамлакат чунин номаро навиштааст (ниг.: Холиқзода Абдухалил. Ҳаводиси рӯзгори ман. Муҳаррир Толиб Луқмон. -Душанбе, 2023. С.4.), вале мутолиаи китоб ба хулосае меорад, ки муаллиф дастоварду пешравиҳои замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриро дар ҳамаи самтҳо: иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сулҳу субот, болоравии мақоми мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи онҳо маҳз тавассути заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонсупориву сарсупурдагиҳо, ҷавонмардиву матонат, дилсӯзиву меҳрубониҳо, ободкориву созандагиҳо, хирадмандиву дурандешӣ ва донишмандиву ташаббускориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, нодида мегирад ва танҳо камбудиҳои ночизеро, ки ягон  далелу воқеияти кофӣ надоранд, рӯйи коғаз меорад.
  3. Матлаби нахустини ёддоштии китоб бо бахши “Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Меҳан, ай Меҳан” (С.5-8) шуруъ мешавад. Муаллиф бо эҳсоси миллию ватандорӣ ба нақди замони шуравӣ мепардозад ва насли шуравипарастонро, ки гоҳу ногаҳ бо ҳасрат-носталгия аз муваффақияту комёбиҳои давр ёдовар мешаванд, мазаммат мекунад (С.5-8). Интиқод ва мазаммати даврони шуравӣ ба ҳадде аст, ки хонанда гумон мебарад мубаллиғи сарсахти шурависитезе пешорӯяш қарор дорад ва муаллиф бо нафрат алайҳи давроне, ки дар он фарзандони шоистаи Ватан -устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон ба хотири бақои миллат ҷонфидоӣ намудаанд, бархурд менамояд. Хуб, империяи шуравӣ, бо он ки бар мабнои манофеи сиёсӣ-мафкуравии бегона ҳукумат намуда, камбуду навоқиси зиёде дошт, ба мо ҳамчун миллати воҳид имкони миллатсозӣ дода буд, аммо ин мо будем, ки ба таври бояду шояд аз он имкони таърихӣ истифода набурдем ва дар ойинаи сиёсати интернатсионалистии шуравӣ худро бохтем. Чаро дар ҳамон давр миллатҳои дигари дар қаламрави империяи шуравӣ сукунатдошта сари манофеи миллӣ тамаркуз намуда, то андозае худро сохтанд, аммо аз дасти элитаи сиёсию мадании мо дар ин замина коре барнаомад? Чаро соири миллатҳои зери салтанати шуравӣ қарордошта дар пасманзари сиёсати коммунистӣ сиёсати миллиро дунбол менамуданд ва роҳро барои рушду таҳаввули миллат ҳамвор месохтанд, аммо мо дар баробари худсозӣ ғолибан сукуту хомӯширо авло донистем? Ба ин монанд суолу пурсишоти зиёдеро метавон матраҳ намуд, ки ҷавобу посухи дақиқи илмию ихтисосӣ талаб менамоянд, на гилояву сатҳигӯйиро. Бинобар ин, набояд айбу нуқси худро ба гардани дигарон бор намуд ва худро софу мубарро ҷилва дод.

Афзун бар ин, сиёсати глобалӣ ва бозиҳои геополитикии вақт чунин ранг гирифта буданд, ки агар болшевик Осиёи Марказиро тасарруф намекард, ҳатман қудрати дигаре минтақаро таҳти нуфуз қарор медод. Ё ин ки муаллифи китоб бар сари болшевикон мешӯрад ва тамоми бадбахтию мусибатро ба вуруду ҳузуру истибдоди онҳо марбут медонад (С.7-8), дар ҳоле ки қабл аз болшевик тайи ҳазор сол тоҷик дар хидмати сулолаҳои бегона буда, таҳти салтанатҳои хилофати арабӣ-исломӣ, қарохонӣ, ғазнавӣ, салҷуқӣ, муғулӣ, темурӣ, шайбонӣ, аштархонӣ ва манғитӣ қарор дошт. Муаллифи китоб, ки иншо намуданро муқтазои табиаташ дониста, иддаои ба сарнавишти миллат бетавофут набуданро пеш мегузорад (С.4, 283), чаро ба қисмати талхи тоҷик дар даврони асри миёна ва баъди он таваҷҷуҳ намекунад ва решаи мушкилоту муамморо танҳо дар ҳафтод соли зуҳури болшевикон ва ҳукумати шуравӣ меҷӯяду халос? Ҳол он ки решаи мушкилоти ҳувиятӣ ва уқдаҳои фикрии мо хеле амиқтаранд, ки ин матлаби мухтасар маҷоли тафсири онро надорад. Мутаассифона, ин навъ нигариш ва ба истилоҳ, одат (бар гардани дигарон вогузоштани айбу навоқиси худ ва сабаби бадбахтию мусибатро дар зулму истибдоди аҷнабиён талаққӣ намудан) дар байни қишри рӯшанфикри мо зиёд нуфуз пайдо намудааст. Гузашта аз ин, ин навъ бинишро дар равоншиносӣ “фарофиканӣ” меноманд. Ба ин маънӣ, ба ҳар давру замоне аз рӯйи ченак ва меъёрҳои мантиқӣ баҳо бояд дод, на аз тариқи яктарафабинӣ воқеиётро таҳриф кард ва хонандаро аз масири дуруст дур сохт. Баъдан, муаллиф дар чанд бахши китоб, аз ҷумла дар бахши  “Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд” (С.72-75) замони шуравӣ, мақому ҷойгоҳи театру синамо ва эҳтирому одоби мардуми замонро васфу ситоиш менамояд, ки ба назари меҳварии ӯ дар робита ба вижагиҳои даврони шуравӣ (ба назари муаллиф, ки дар бахши “Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Меҳан, ай Меҳан”-и китоб (С.5-8) ҷо гирифтааст, замони шуравӣ боиси таназзулу рукуди ҳувияту фарҳангу маънавиёти миллӣ арзёбӣ гардидааст, ки бозгӯкунандаи ихтилофу таноқузи фикрию назарии мунтақид мебошад), мухолифат дорад.

Дар зимн, муаллифи китоб аз саҳифаҳои таърихи нангини ҳазорсола, ки сабабгори бадбахтию мусибати миллат будаанд, мисол намеорад ва танҳо бо истибдоди “болшевикон” иктифо намуда, ҳама бадбахтию мусибати миллатро дар мудирияти нодурусти зимомдорони ҳукумати шуравӣ арзёбӣ менамояд. Дар ҳоле ки истибдоду зулми асримиёнагӣ, ки бар мабнои қудрати сиёсию мафкуравии аҷнабӣ бедод намуда, бар асолату ҳувияти миллӣ садамаи ҷиддӣ ворид сохтааст, аслан муаллифро нигарон намесозанд ва решаи мушкилоту уқдаҳои фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мадании моро дар фазову вақти дигар ҷустуҷӯ менамояд. Ин навъ арзёбӣ ҳақиқату воқеияти ёддошту хотироти муаллифро зери суол мебарад.

  1. Муаллиф ёддошту хотироти худро идома дода, дар бахши “Кунун бишнав аз ман яке достон” (С.14-30) аз забони солманди маҳаллӣ қиссаи марди деҳотиеро нақл менамояд, ки солҳои бистуми садаи бист ҳамроҳи ҳамсари зебояш — Нозанин ба Афғонистон паноҳанда мешавад ва ҳамсараш аз сӯйи қизилбоши минтақа пешорӯйи шавҳар мавриди озору таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад. Бо он ки шавҳар қасосашро аз қизилбош мегирад ва ӯро сар мебурад, бо мушкили бетафовутии ҳамсараш дучор меояд (С.29). Бо ин амал қиссапардоз ва ноқил (манзур А. Холиқзода) шаъну шарафи бонуи тоҷикро то андозае пойин мебарад.

Аввалан муаллиф иброз менамояд, ки деҳае, ки онҳо қарор доштанд, деҳаи ҳазораҳо будааст, аммо баъдан сухан дар бораи  қизилбош меравад, ки ин мухолифи мантиқ ҳаст. Зеро ҳазораҳо як қавми дигар, ки худро аз нажоди муғул медонанд ва қизилбош қавми дигари туркнажод ҳаст, ки бо забони форсӣ суҳбат менамояд  ва асосан дар канораҳои шаҳрҳои Кобулу Ҳироту Қандаҳору Ғазнӣ зиндагонӣ менамоянд. Дар ин маврид қизилбоши деҳа ном бурдан худ маъное надорад (хонанда фикр мекунад, ки қизилбош маънои роҳбар ё пешвои  деҳае ё маҳалле ҳаст) ва ин далели он аст, ки муаллиф дар ин маврид мутолиае надорад.

Аз ин гузашта, муаллиф ҳадди ақалл фикр накардааст, ки бо овардани ин ҳақиқати талхи гузашта шаъну шарафи марди тоҷикро  паст задааст.

Ва муаллиф бо ин таънаи худ ба як марди тоҷик мехоҳад тарсу будани мардуми тоҷикро нишон диҳад, ҳол он ки “тоҷики лашкаркашу лашкаршикан” бо  Рустаму Суҳробҳояш, Спитамену Муқаннаъ, Деваштичу Темурмалику Восеъ, ки бо далериву шуҷоат машҳури ҷаҳон ва рамзи қаҳрамонӣ гашта буданд ва ҳазорон ҷавонмардоне, ки дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қаҳрамониҳо нишон доданд, ҷавонони ғаюру далере, ки имрӯзҳо дар ҳифзи марзу буми ватан сина сипар менамоянд, ифтихор дошт, дорад ва дар хуни ҳар як тоҷики асил диловарию шуҷоат, қаҳрамониву матонат ҷӯш мезанад, ин аст тоҷикият, устуворӣ, меҳанпарастӣ ва ору номуси ватандорӣ.

Ҳатто дар гузаштаи начандон дури таърих, ки насли имрўзаи мо шоҳиди он будааст, Аҳмадшоҳи Масъуди тоҷик ба муқобили душманони ватанаш баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ба як устура мубаддал гардид, ҳатто дар душвортарин вазъият истодагарӣ намуд, мисли дигарон аз ватанаш фирор накард ва таъкид медошт, ки агар ба андозаи кулоҳам минтақае аз ватани аҷдодиам боқӣ монад, то охирин қатраи хун баҳри дифои он мубориза хоҳам бурд, ки муаллиф дар мавриди баҳодиҳӣ ба хислату сирату далерӣ ва меҳанпарастии тоҷик инро бояд ба назар мегирифт.

Албатта, баъзан чунин навъи таҳқиру озор болои намояндаи алоҳидаи  миллати тоҷик эҳтимол  таҳмил шудааст, вале нақли он дар шароити ҳассоси имрӯзӣ ва пиёда намудани аҳдофи олӣ — сохтани давлати дунявӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои дерпойи аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ, таҳкими ифтихороти миллӣ ҳеҷ зарурат надорад. Баръакс, дар шароити имрӯзӣ, ки ҳувиятсозӣ ва ифтихороти миллӣ ба унвони ҳадафи стратегӣ авлавият касб менамоянд, нақли ҳаводису қиссаю ҳикоёте, ки омӯзанда мебошанд, вале махсусияти таҳқирӣ дошта, бар аслу бунёди миллат садама мезананд, аслан зарур нест. Илова бар ин, нақли қавл ҷойю мавқеъ ва макону замон дорад ва баъзе нақлу ҳикоёту қиссаҳои воқеиро ба хотири ҳассос будани вазъ наметавон рӯйи коғаз овард ва  дар маърази ом гузошт.

  1. Дар баъзе бахшҳои китоб, аз ҷумла “Гузаштаи ногувор” (С.44-47), “Миллати хушбахт” (47-48), “Миллати муваффақ” (С.48-49) муаллиф таҷрибаи омӯзандаи миллатҳои муваффақи ҷаҳонро дар сохтмони ҷомеаи миллӣ омӯзанда дониста, дар ин замина масъалаи баҳамойӣ, ваҳдати миллӣ, қудрати фикрӣ, ҷасорати миллӣ ва амсоли инҳоро ба миён мегузорад ва саъй менамояд, ки иқдомоти созандаи фикрие дар заминаи ба даст овардани неруи фикрӣ ва азамати миллӣ анҷом диҳад. Аммо боз ҳам заҳмату кўшишҳои давлату ҳукумати моро дар ин самт нодида мегирад. Боре ҳам фикр намекунад, ки аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз ҳамеша сухан аз ваҳдати миллат, баҳамойӣ, сулҳу субот, ҳувиятсозӣ, тоҷикият, худшиносиву худогоҳии миллӣ мегӯянду халқу давлатро ба ҳамин роҳ ҳидоят менамоянд. Эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ҷашну суннатҳои милливу мардумӣ, арҷгузорӣ ба бузургони аҳли илму адабу фарҳанг маҳаки асосии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлату ҳукуматро ташкил медиҳад.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, ки мо 32-солагии онро таҷлил намудем, бо мақсади бедор намудани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ҷашни Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф  шуд. Ҷашнҳо ва суннатҳои Наврӯзу Меҳргон ва Садаву Тиргон дубора эҳё шуданд. Ҳамчунин  таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абўалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (2008), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2021), 700 -– солагии Камоли Хуҷандӣ (2020) ва ғ. барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин шиносонидани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти ҷудогона касб намуд.

Илова бар ин, қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Пешвои муаззами миллатро  ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос менамояд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат  зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаштаи моро ба имрӯзи мо пайванд намуд.

Дарҷ кардани қисмати дигари фаъолияти пурмаҳсули Пешвои миллатро, ки дар ба вуҷуд овардани давлати ягона тавассути бунёди роҳу нақбҳо, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ инъикос меёбад, дар ин маврид ҷоиз медонам.

Танҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардад. Бо ибтикори Пешвои миллат  дар маҷмуъ зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта, ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардуми минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд. Ҳатто худи муаллиф бо чашми сар дидааст, ки роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар кадом ҳолат қарор дошту имрӯз баъди таъмир чӣ тавр бозсозиву ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат 270 неругоҳи барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шуруъ намуд ва тавассути кашидани хати интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.  Ҳамаи ин гуфтаҳо далели он аст, ки ваҳдати миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар  мамлакат танҳо шиор набуда, ин воқеияти имрӯзи рӯзгори мост.

Ин чанд нуктаро ба он хотир меорем, ки аз рӯйи инсоф мебуд, агар муаллиф аз онҳо ҳам менавишту бо дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ки бузургтарин неъмат барои миллати тоҷик аст ва онро давраи тиллоии таърихи миллат мехонанд, боифтихор менавишт. Ҳол он ки дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакатро дар садҳо ҷилд ҳам рўйи коғаз орем, кам аст.

  1. Бахши “Гаште дар Хатлон” (С.50-53) аз ҷумлаи бахшҳои баҳсбарангези китоб ба шумор меравад. Дар ин пораи ёддошту хотирот муаллиф муҳиммияти менталитет ва ҳувияти миллиро фаромӯш карда, дунболи нақли қавл меравад ва ироаи онро зарур медонад. Ба ин тариқ, муаллиф зимни муаррифии минтақаи Хатлон ба пардози қиссаҳое аз забони сокини маҳаллӣ, ки як замон номзад ба раисҷумҳур будааст, нақлеро меоварад, ки бояд намеовард. Ин мавқеъгирии суолбарангезро муаллиф бо мадраки “Таърихи Ҳумоюн”-и Муҳаммадсодиқхоҷаи Гулшанӣ асоснок намуда, манзури хонандагон гардонидааст. Ҳол он ки бо далелу мадракоти ин гуна таърихномаҳо метавон баҳсҳои тӯлонӣ кард ва мавқеъгириҳоеро, ки дар заминаи манофеи миллӣ ва қавмӣ-этникӣ сурат гирифта, қавмияти моро зери суол мебаранд, мавриди интиқод ва шакку тардиди илмӣ қарор дод.
  2. Бахши дигари китоб, ки аз сафардидаҳои муаллиф таркиб ёфтааст, “Ғаме дар сина чун кӯҳи Бадахшон” (С.53-61) унвон дошта, ба ҳувияту ҳайсияти мардуми ин минтақаи кӯҳистонии ҷумҳурӣ ихтисос ёфтааст. Ҳарчанд ки муаллиф зоҳиран ҳеҷ ғаразу ҳадафи зиддимиллиеро дунбол наменамояд, таври нохудогоҳ ба таҳрифи саҳифаҳои таърихи миллӣ, ки як бахши он ба Бадахшон марбут аст, мепардозад. Аммо муносиботи мардуми Бадахшон бо манотиқи дигари тоҷикнишин ҳеҷ гоҳ бар мабнои мазҳабситезӣ ва бадмазҳабӣ хароб нашудааст. Баръакс, миёни мардумони маҳаллии бадахшӣ ва ғайрибадахшӣ муносиботи мутақобила тайи таърих ҳамеша бар пояи бовару эътимоди миллию инсонӣ устувор будааст. Бар илова, қавму қабоили кӯчӣ, ки ба миллияти тоҷикӣ аслан иртиботи хунию таборӣ надоранд, ба баҳонаи ғорату тороҷ на танҳо ба Бадахшон, балки бар кулли манотиқи тоҷикнишин ҳамлавар шуда, ҳастиюту ҳувияти моро таҳдид намудаанд. Сари ин масъала таваҷҷуҳ ва тамаркуз бояд намуд!
  3. Дар бахши “Кас набуд аз рози дониш бениёз” (С.85-90) муаллиф кӯшидааст, ки масъалаи маориф ва саводи ҷамъиро дар ҷумҳурӣ расидагӣ намуда, аз мазмуну мундариҷаи маорифи миллӣ ва китобҳои дарсии мактабӣ, ки дар рушди тафаккури интиқодии насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик нақши калидӣ доранд, сухан ба миён оварда, дар ин замина танҳо нуктаҳои  интиқодиро  ироа доштааст. Дастоварҳои соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ сохта, ба истифода дода шудани 3700 бинои нави таълимӣ барои 1,5 миллион хонанда, қариб ду маротиба зиёд гардидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштирок ва ғолибияти ҳазорон нафар хонандагону донишҷўён дар озмунҳои милливу минтақавӣ ва байналмилалӣ, чор маротиба зиёд гардидани теъдоди массисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷўёни онҳо, ҳамасола ба хориҷи мамлакат фиристонидани зиёда аз 6000 донишҷў, батадриҷ зиёд гардидани маблағгузории соҳаи маорифи мамлакатро, ки ҳоло ба 7,2 миллиард сомонӣ, ё ин ки ба 19% қисми хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад, мунтазам рушд намудани пояҳои моддиву техникӣ, кадриву озмоишгоҳии муассисаҳои илмӣ заррае ҳам дарҷ намегарданд ва ё нодида мегирад.
  4. Дар китоб матолиби дигаре ҳам ҳаст, аз ҷумла бахшҳои “Ин ҳарифон хидмати Ҷоми ҷаҳонбин кардаанд” (С.251-254), “Дар кӯйи хароботу хурофот фитодаем” (С.78-83) ва мисли инҳо фарогири вазъи хурофотзадагии ҷомеа дар даврони шуравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ буда, муаллиф мушкили хурофотписандии мардумро, ки сабаби бадбахтии миллат тайи таърихи тӯлонӣ будааст, рўйи коғаз меорад. Аммо муаллиф мушкили хурофотзадагӣ ва ҷаҳолатписандии мардумро, ки имрӯз ба мушкили рақами яки ҷомеа бадал гаштааст, ҳадафмандона решашиносӣ намекунад ва ҳамин тавр, масъала нокушода ва бозу урён боқӣ мемонад.
  5. Хулоса, бахшҳои баҳсангезе, ки дар ин матлаби мухтасар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ҳусни китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро коҳонида, шахсияти миллӣ будани муаллифро зери суол мебарад ва албатта, хонандаи закӣ худ дарк менамояд, ки чунин навиштаҳои ғайримантиқӣ ба миллату давлат ва шахсиятҳои миллӣ ҳеҷ асари мусбате нахоҳад гузошт, аз он бӯйи бегонапарастӣ, бетаваҷуҳӣ  ба дастовардҳою таърихи куҳани миллат ва даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ меояд.

Ф. РАҲИМӢ,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

 

 

 

 

 

 

 

Сентябрь 15, 2023 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд