Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли нави таҳсил бо технологияи нав ҷиҳозонида шуд

Сентябрь 15, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли таҳсили нав аз ҷониби Донишгоҳи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин се озмоишгоҳи муосир марбут ба ихтисоси технология ва таҷҳизоти заргарӣ тақдим шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ хабар доданд.

Барои омӯзиши истифодаи ин технологияҳои муосир ду нафар омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ду нафар омӯзгорони Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада дар таътили тобистона ба муддати як моҳ барои омӯзиш ба Донишгоҳи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоу фиристода шуданд.

Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тӯли ҳашт сол аст, ки ҳамчун пули дӯстии байни Тоҷикистон ва Чин нақши муҳиме иҷро менамояд.

Маҳз бо ташаббуси Донишкадаи Конфутсий ҳамкории судманд байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монда шуда, дар ин замина барномаи 2+2 барои ихтисоси технология ва таҷҳизоти заргарӣ амалӣ гардида истодааст.


28 августи соли равон дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ маросими ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати Гансу Принт Текнолоҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Тибқи созишнома, ширкати мазкур ба донишкада 1 принтери истеҳсолӣ, 2 3Д принтери таълимӣ, ашёи хом барои принтерҳо, 10 дастгоҳи чопкунӣ ва 80 комплекти маводи таълимӣ тақдим хоҳад намуд.

Директори ин ширкат хонум Пан Йин – оид ба «Татбиқ ва рушди технологияи чопи 3Д» маъруза намуд.

Аз ҷониби ин ширкат аллакай 1 принтери истеҳсолӣ ва як принтери майда бо маводи таълимӣ тақдим гардид.

Дар оянда донишкада бо ширкати Гансу Принт Текнолоҷи барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти зеҳни сунъӣ ва истифодаи 3Д принтерҳои замонавӣ барои рушди панҷсолаи саноат саҳм мегузорад.

Ҳадафи асосии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургӣ ба таъмини бештари корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин аз ҳисоби мутахассисони ватании варзида дар бозори меҳнат ва ҳамзамон донандагони забони чинӣ нигаронида шудааст.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид