ГУЛҲОИ ДУШАНБЕ. Дар гулгаштҳои пойтахт то имрӯз 15 миллиону 947 ҳазору 307 дона гул шинонида шудааст
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо инобати таъмини сарсабзию шукуфоии пойтахт ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ- 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбон, гулгашт ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба миқдори 1 миллиону 800 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд, ки воқеан ба кӯчаҳои пойтахт ҳусни дигар зам намуда, гулгашту хиёбонҳо назаррабо гардиданд. Дар ин хусус корманди Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе» кӯчати 131 миллиону 473 ҳазору 15 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва лола дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт ба нақша гирифта шуд. То имрӯз тибқи қарори болозикр дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 15 миллиону 947 ҳазору 307 дона гул шинонида шудааст, ки аз ин 7 миллиону 214 ҳазору 631 дона гулҳои мавсимӣ, 3 миллиону 031 ҳазору 759 дона гулҳои бисёрсола ва 5 миллиону 700 ҳазору 917 дона гули лола мебошад.
Бо мақсади таъмин намудани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои тару тозаи ороишӣ бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисон бо истифода аз усулҳои парвариши муосири гулпарварӣ гулҳои гуногун парвариш ва дар вақти муайян дар гулгашту хиёбонҳои пойтахт шинонида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






