ГУЛҲОИ ДУШАНБЕ. Дар гулгаштҳои пойтахт то имрӯз 15 миллиону 947 ҳазору 307 дона гул шинонида шудааст

Сентябрь 11, 2023 18:44

ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо инобати таъмини сарсабзию шукуфоии пойтахт ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ- 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбон, гулгашт ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба миқдори 1 миллиону 800 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд, ки воқеан ба кӯчаҳои пойтахт   ҳусни дигар зам намуда,  гулгашту хиёбонҳо назаррабо гардиданд. Дар ин хусус корманди  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе  Саидаҳмади Акрампур  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Бо мақсади  ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе»  кӯчати 131 миллиону 473 ҳазору 15 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва лола дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт ба нақша гирифта шуд. То имрӯз тибқи қарори болозикр дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 15  миллиону 947 ҳазору 307 дона гул шинонида шудааст, ки аз ин 7 миллиону 214 ҳазору 631 дона гулҳои мавсимӣ, 3 миллиону 031 ҳазору  759 дона гулҳои бисёрсола ва 5 миллиону 700 ҳазору 917 дона гули лола мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои тару тозаи ороишӣ бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисон бо истифода аз усулҳои парвариши муосири гулпарварӣ гулҳои гуногун парвариш ва дар вақти муайян дар гулгашту хиёбонҳои пойтахт шинонида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2023 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон сохтмони 17 бинои муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар соҳили рости дарёи Сир ба дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр роҳрав сохта мешавад
АЗ ФАЙЗИ ВАҲДАТ. Дар Бадахшон беш аз 200 маркази инкишофи барвақтии кӯдак фаъолият дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони биноҳои нави таълимию варзишӣ ҷараён дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони 211 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар Бохтар майдони назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бозсозӣ мешавад
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Хоруғ – шаҳре, ки аз самари Ваҳдати миллӣ ҳар рӯзу ҳар соат шукуфонтар мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ бо маром идома доранд
Дар Суғд то нимаи соли 2026 беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд