Имрӯз дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 сентябр, соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Намудҳои миллии варзиш-рукни асосии фарҳанги миллӣ» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои таълимӣ ва тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба нақша гирифта шуда, дар он 47 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳадаф аз баргузории фестивал- эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, баҳри оммавӣ гардидани он тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Қобили тазаккур аст, ки тӯли чанд соли охир зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бозиҳои миллии варзишӣ эҳё гардида, дар гӯшаву канори Тоҷикистон бо тарзу усулҳои хоси миллӣ гузаронида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






