Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Ҳамчунин ҳайати кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ карда шуд. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 ба тавсиб расид.
Тибқи қарори мазкур, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки дар доираи ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалиро дар мавзуи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намояд. Ҳамчунин дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи конференсия оид ба омодагӣ ва баргузор намудани конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис диҳад.
Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо дастгирии аксарияти кишварҳои ҷаҳон қабул кард.
Тазаккур бояд дод, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.
Дар Тоҷикистон айни ҳол «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» амалӣ мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон






