ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дар Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон бозии интихобӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Афғонистон ба далели он ки имкони мизбонии бозиҳои байналмилалиро надорад, шаҳри Душанберо макони бозиҳои хонагӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 интихоб намудааст. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби Афғонистон бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ менамояд. Вохӯрии аввал 12 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Бозии ҷавобӣ 17 октябр дар шаҳри Улан-Батор доир мегирад.
Хотиррасон мешавем, ки ғолиби ҷуфти дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Ҳиндустон ва Кувайт бозӣ менамояд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026
Даври якум. Бозии аввал
12 октябр (панҷшанбе)
Оғоз – соати 19:00
Афғонистон – Муғулистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






