ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав бо системаи бойлерӣ таъмин шуданд

Сентябрь 28, 2023 09:01

ШАҲРИНАВ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав  оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024»  аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 636 ҳазору 908 сомонӣ маблағгузорӣ намудааст, ки ба 103 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин хусус сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав  Баҳриддин Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Кормандони шуъбаи  маорифи ноҳияи Шаҳринав  гуфтанд, ки то имрӯз барои давраи тирамоҳу зимистон  муассисаҳои таълимии ноҳия 430 тонна ангишт ва 373 метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Ҳамчунин 56 муассисаи таълимии ноҳия бо 7 буғхона, 739 бухорӣ, 26 генератори барқӣ   ва 145 дастгоҳи гармидиҳии барқии коршоям таъмин гардидаанд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав, беморхонаҳои минтақавӣ, Маркази санитарию эпидемиологӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия бо 74 гармкунаки барқӣ, 41 печкаи аловӣ, 3 генератори барқӣ таъмин мебошанд. Системаҳои бойлерӣ (гармкунӣ) дар шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ, таваллудхона, бемориҳои занона, сироятӣ ва бахши ҷарроҳӣ омода мебошад.

Дар беморхонаи марказӣ барои гузаронидани зимистони солҳои 2023-2024 бо дастгирии маблағҳои буҷетӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, равған, орд, сабзӣ, биринҷ, шакар, меваи хушк ва дигар маҳсулот захира карда мешавад.

Дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои  гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омехтаи қуму намак, намаки техникӣ ва ангишт захира карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд