Пагоҳ дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад

Сентябрь 28, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад. Дар ин Форум намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» дар Кохи Истиқлол доир гардида, кори он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Дар форум, аз ҷумла мавзуъҳои «Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат- омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон- мамлакати энергияи «сабз», иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ», «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва табодули афкор қарор дода мешавад.

Дар рӯзи дуюми баргузории форуми мазкур иштирокдорони он ба се гурӯҳ ҷудо шуда, ба корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода рафта, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Ҳадафи форум асосан муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст