«РОҒУН»-СОХТМОНИ АСР! Бунёди он пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон аст

Сентябрь 13, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли равон зимни суханронӣ дар назди сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳор  доштанд, ки «мо неругоҳи «Роғун»-ро сохтмони аср эълон намудаем. Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо на танҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳал менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меоварем.

Бинобар ин, такроран таъкид менамоям, ки суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун», дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ бисёр муҳим ва зарур мебошад».

Пешвои миллат бо итминон таъкид намуданд, ки «ин неругоҳ манбаи  равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».

Неругоҳи барқи обии  «Роғун» бузургтарин иншооти  гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ««Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».  

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз  зимни суханронӣ дар мулоқот  бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд, ки давоми ёздаҳ соли охир бо мақсади кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 3211 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, қариб 15 000 нафар одамон кӯчонида шуданд ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат доранд.

Нақшаи кӯчонидани деҳаҳои боқимондаи минтақаи зериобшаванда тибқи ҷадвали пур намудани обанбори неругоҳ идома дорад.

Сарвари давлат масъалаи дар муҳлати тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ ва ба истифода супоридани агрегатҳои навбатиро зарур шуморида, супориш доданд, ки «Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Дар ин раванд зарур аст, ки ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили даврҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин ба хоҷагӣ ва оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҷӯӣ шавад».

Дар робита ба ин супориши Президенти Тоҷикистон ва дарёфти маълумот оид ба ин мавзуъ АМИТ «Ховар» ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Аз маълумотнома оид ба хизматрасонии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба муҳоҷирони экологие, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2009 «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод» кӯчонида шудаанд, бармеояд, ки           бо мақсади таъмини иҷрои банди 13 қарори мазкур аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳрҳои Роғун, Турсунзода, ноҳияҳои Нуробод, Рӯдакӣ ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷиҳати мусоидат ба шуғли муҳоҷирон хизматрасониҳои давлатӣ ба анҷом расонида шуданд.

Аз соли 2009 то ин давра 1302 нафар муҳоҷирони аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидашуда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 722 нафар бо корҳои доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардида, 50 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва  339 нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддат дар филиалҳои марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Инчунин ба 96 нафар қарзҳои хурди имтиёзнок барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурд ва ба 95 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт шудааст.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун

Аз соли 2009 то ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун 158 нафар муҳоҷирони аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидашуда  муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 96 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 16 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва 19 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардиданд. 10 нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддат дар филиали марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 6 нафар қарзҳои хурди имтиёзнок барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурд ва ба 11 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт шудааст.

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода

Аз соли 2009 то ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода 294 нафар муҳоҷирони аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидашуда  муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 50 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуда, 112 нафар ба даврҳои кӯтоҳмуддат дар филиали марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Инчунин ба 49 нафар қарзҳои хурди имтиёзнок барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурд ва ба 43 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт шудааст.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод

Аз соли 2009 то ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод 126 нафар муҳоҷирони аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидашуда муроҷиат намуданд. Аз ин шумора 17 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 32 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва 31 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардид. 20 нафар ба даврҳои кӯтоҳмуддат дар филиали марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 18 нафар қарзҳои хурди имтиёзнок барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурд ва ба 8 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт шуд.

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Аз соли 2009 то ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 260 нафар муҳоҷирони аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидашуда муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 175 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 40 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардида, 45 нафар ба даврҳои кӯтоҳмуддат дар филиали марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Данғара

Аз соли 2009 то ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 464 нафар муҳоҷирони аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидашуда муроҷиат намуданд. Аз ин шумора 143 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 113 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардида, 152 нафар ба даврҳои кӯтоҳмуддат дар филиалҳои марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 23 нафар қарзҳои хурди имтиёзнок барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурд ва ба 33 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт шудааст. 

           Тавре дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъкид намуданд, онҳо минбаъд низ ҷиҳати мусоидат ба шуғли муҳоҷироне, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод» аз минтақаи зериобмонии ин неругоҳ ба шаҳру ноҳияҳои болозикр кӯчонида шудаанд, чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Воқеан, ҳар амале, ки барои тезонидани сохтмон ва фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» анҷом мепазирад, қобили дастгирӣ аст. Зеро бо ин кори худ мо дар бунёди муҳимтарин иншооти стратегии мамлакат-  Неругоҳи барқи обии «Роғун» саҳми худро мегузорем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори ин сохтмони бузурги аср ё Кохи нур буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа намудаанд, ки ҳаргиз аз хотираи мардуми тоҷик ва авроқи таърихи мамлакат зудуда нахоҳанд шуд. Тавре Сарвари давлат иброз доштаанд, «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!».

Мо умед ва боварӣ дорем, ки бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик ин сохтмони аср марҳила ба марҳила ба итмом расида, Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат такони нав мебахшад ва Тоҷикистон давлати неруманду пешрафта мегардад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент