РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Данғара бунёд ва ба истифода додани 28 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бунёд ва ба истифода додани 28 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар ноҳияи Данғара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад. Дар 7 моҳи соли 2023 дар ноҳияи Данғара ба маблағи умумии 1 млрд 453,4 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷалби сармоя ва бунёду барқароркунии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ шароит фароҳам овард, ки имконияти истеҳсолӣ давоми чанд соли охир дар ноҳия васеъ гардад.
Дар ин давра коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр зиёд гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






