Рустами Эмомалӣ: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад»

Сентябрь 30, 2023 11:09

ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» 29 сентябри соли 2023 изҳор намуданд, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он бар асоси таҳкими нақши ҳамоҳангсозӣ амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад ва аз воқеияти имрӯза маълум мегардад, ки  танҳо тавассути кӯшишҳои дастҷамъона, ҳамкории мутақобила ва ҳамгироии давлатҳо  мо метавонем дар рушди муштараки устувор саҳмгузор бошем.

Ба таъкиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ,  баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» иқдоми саривақтӣ мебошад ва барои андешидани тадбирҳои муштарак дар самти рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имконияти мусоид фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки 29 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардида, имрӯз низ идома меёбад

Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва  намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2023 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад