«САД АЗ ҲАЗОРҲО ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ». Ё гулчини муҳимтарин дастовардҳо дар 32 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 10.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур шуд. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ буд, ки бароямон бунёди давлати миллӣ имконпазир гардида, тафриқаандозиҳои ҳазорсолаи ҳасудон фано ёфт ва сулҳдӯстиву ваҳдатсозии тоҷик барои дигар давлатҳо намунаи ибрат ва мактаби ҳаёт гардид. Чунин нигоштааст доктори илмҳои филологӣ, декани  факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёри Қутбиддин дар матлабе, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Дар зер сад дастовард ё сад далели раднашавандаи замони Истиқлолияти давлатӣ, ки аз нигоҳи муаллиф  аз ҳазор файзи истиқлолият муҳимтарин ба шумор мераванд, манзур мегардад.

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУД, КИ…. 

  • Исмоили Сомониро аз нав «ба тахт нишонд»;
  • Истиқлолият ва сиёсати ваҳдатсозу сулҳпарваронаи Пешвои миллат бо ҳам тавъам гардиданд;
  • Ғубору тирагиҳои оинаи таърихро пок намуд;
  • Ваҳдати миллатро баъди садсолаҳо ба даст овардем;
  • Тоҷикистон баъди қарнҳо аз тобеият берун омад;
  • Ғуруру нанги миллӣ балнд шуд ва дар қалбҳову забонҳо танин андохт;
  • Бароямон бунёди давлати миллӣ имконпазир гардид;
  • Тафриқаандозиҳои ҳазорсолаи ҳасудонро фано сохт;
  • Аз сулҳдӯстиву ваҳдатсозии тоҷик мактаб сохт;
  • Ваҳдатро ба сутуни тиллоии давлат табдил дод;
  • Ба мо паҳлуи ҳам истоданро омӯхт;
  • Ба эҳёи миллӣ рӯ оварда тавонистем;
  • Ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикро бароварда сохт;
  • Марзу буми моро маълум намуд;
  • Халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳо озодии ботинро соҳиб гашт ва аламу озори кашидаро аз ин ботин берун намуд;
  • Мафкураи ҳақиқии миллӣ шакл пайдо намуд;
  • Фазои нав барои халқи тоҷик раҳоӣ аз зулмоти қарнҳо гашт;
  • Санаду ҳуҷҷати он муқаддасоти миллии мо гардид;
  • Тоҷик бо меҳру муҳаббати комил зиндагонии нав ихтиёр намуд;
  • Моро ба дарки андешаи «забони тоҷик, сарҳади тоҷик аст» расонид;
  • Ба мо ифтихори миллиро омӯхт;
  • Аз худшиносии миллӣ ҳарф гуфта тавонистем;
  • Ҳама бунбастҳоро барҳам зад ва ҳақиқатро тантана бахшид;
  • Моро ба ояндаи нек дилгарму умедвор намуд;
  • Ба халқи тоҷик ҷасорат ато намуд;
  • Соҳибартиш гардидем ва дар танҳоӣ қудрати ҳифзи марзу буми худро пайдо намудем;
  • Ҳазорсола ҳадафҳои бадтинатонро зери хок намуд;
  • Ба тоҷик минбар ато намуд;
  • Миллатсозии моро густурда гардонид;
  • Ба ватандӯстиву миллатдӯстӣ ҷараёну маҷрои нав ато намуд;
  • Бо файзи истиқлол муҳиту фазои тоҷикона сохтаем;
  • Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ нишондиҳандаи асолати миллӣ гардид;
  • Ватандӯстиву миллатдӯстии мо кафили пешрафти мо гардид;
  • Дар домани он тоҷик муттаҳидиву якдилӣ барпо намуд;
  • Тоҷики азиятдида Пешвову роҳнамои худро пайдо намуд ва санҷишҳои бузургро паси сар кард;
  • Пешвои миллатро муттакои ваҳдату устуворӣ гардонид;
  • Халқи тоҷикро ҳушёр намуд, то минбаъд дар амнияту ҳифозати худ бетафовут набошад;
  • Қуллаҳои кӯҳҳои сарбаланди меросмондаро ифтихору сарвати бебаҳои тоҷик гардонид;
  • Моро аз ҳама бунбастҳои сунъии маънавию моддӣ раҳоӣ бахшид;
  • Халқи тоҷик созандаву бунёдкор будани худро ошкор намуда тавонист;
  • Парчами миллӣ ифтихори зиёда аз 100 миллион нафар тоҷики рӯи замин гардид;
  • Суруди миллии моро танинандоз гардонид, ки он каломи чандинҳазорсолаи мо барои оламиён аст;
  • Халқи тоҷик ҳама фарзандони фарзонаи худро шинохт;
  • Забони ҷароҳатбардоштаи тоҷик аз захмҳо пок гардид;
  • Тоҷик аз ҳувияту асолати миллии худ сухан гуфта тавонист;
  • Тоҷикистон бо тамоми рукнҳое, ки барои як давлат зарур мебошанд, дар радифи садҳо давлати ҷаҳон ҷо гирифт;
  • Дар радифи 195 давлати ҷаҳон дар доираи СММ парчами афрохта дорем;
  • Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор шинохт;
  • Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обруву манзалат пайдо намуд;
  • Тоҷикистон ба маркази муҳимтарин ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ табдил ёфт;
  • Мо дӯстону шарикони худро пайдо намудем;
  • Ҷуръат, ҷасорат ва матонати тоҷик боло рафт;
  • Сиёсати маълуму мустақили дохилӣ ба вуҷуд омад;
  • Тоҷик дигар ниёз ба ангушти ишорати касе надорад;
  • Тоҷик пойтахти худро бо руҳияи миллӣ мунаққаш сохт;
  • Бо файзи он тоҷикон ҷаҳонро ва ҷаҳон тоҷиконро мешиносад;
  • Тоҷик тавонист аз қаъри қарнҳо номи фарзандони худро зинда гардонад;
  • Орзуву ормонҳои зиёиёни гузашта ва имрӯз ҷомаи амал пӯшид;
  • Адабиёт, санъат, фарҳанг, ҳунар, анъана ва суннатҳои ниёгон аз нав зинда гардиданд;
  • Тоҷик фарҳанги бостонии худро соҳибӣ намуд;
  • Ба ҳофизаи таърихӣ рӯ овардану муроҷиат намуда тавонистем;
  • Дину оину эътиқоди аҷдодӣ аз нав ба мо муаррифӣ гардид;
  • Халқи тоҷик дину ойини аҷдодони худро посдортар гардонд;
  • Тоҷикистон рисолати фарҳангии дину мазҳабро боло бурд;
  • Тоҷикистон бо фалаку шашмақоми аҷдодӣ аз ҳастии ҳазорсолаҳо дарак дода тавонист;
  • Номи тоҷиконаву руҳиябахш гирифтани шаҳру ноҳияҳову деҳот имконпазир шуд;
  • Озодона зиндагӣ кардан ҳадяи беназир гардид;
  • Тоҷик чун миллати соҳибнангу сарбаланд шинохта шуд;
  • Халқи озордидаву азияткашида ва ҳамзамон таҳаммулгаро будани тоҷик исбот гашт;
  • Мафҳуми “мақоми миллӣ” бо тамоми маънӣ танинандоз шуд;
  • Тоҷик имрӯзу гузашта ҳаваси суфраеро накардааст ва акнун дигар намегузорад, ки касе ҳаваси суфраи ӯро намояд;
  • Дигар касе ба сарвату дороии мо чашм ало намуда наметавонад;
  • Халқи тоҷик наҷот ёфт ва акнун ин халқ аз наҷоти дигарон низ сухан гуфта метавонад;
  • Иқтисоди миллии мо эҳё гардида, рушд намуд;
  • Истиқлоли иқтисодӣ амнияти озуқавории ҷомеаи моро таъмин намуд;
  • Бо шарофати он мо дар сарзамини аҷдодии худ осудаҳолона зиндагиву меҳнат менамоем;
  • Нуру равшаниро файзу баракати зиндагии мо гардонида истодааст;
  • Соҳиби истеҳсоли ватанӣ шудем;
  • Самимият ва садоқату заҳматписандӣ тақвият ёфт;
  • Воридотро коҳиш дода, ба содирот гузаштем;
  • Роҳҳо бунёд шуданд, ободиву созандагиҳо вусъат ёфт, қалби кӯҳҳоро шикофтаву хешу табориву рафту омадро зичтар намудем;
  • Акнун саноати миллӣ моро муарриф гашта истодааст;
  • Асъори миллии мо ҳар лаҳза тараннуми Истиқлолият менамояд;
  • Дар татбиқи лоиҳаҳои бузург неруву тавон ёфтем;
  • Акнун дар фазои озоди он барои худ ҳадаф интихоб намуда метавонем;
  • Давлати қонунмеҳварро бунёд намудем;
  • Конститутсия инкишофи ҷомеаи миллиро танзим намуд;
  • Оқибати ногувори ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро халқи тоҷик аз худ дур намуд;
  • Низому тартиби маҷрои зиндагии моро орому мутавозун гардонид;
  • Дар кӯтоҳтарин фурсат сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боло рафт;
  • Баракати он аст, ки дар радифи бузургтарин абарқудратҳои ҷаҳонӣ мо низ дар минбари СММ соҳиби овози худ ҳастем;
  • Аҳли қаламро дар қаламрави диёру берун аз он машҳур намуд;
  • Дафтари эҷоди адибонро ба девон табдил дод;
  • Аҳли зиёро сипари боэътимоду муҳофизи Ватан гардонид;
  • Истиқлолиятро халқи тоҷик неъмат донист ва ҳифзи онро чун рисолат эътироф намуд;
  • Ба пешрафти маорифи миллӣ рӯ овардем;
  • Соҳибкитоб будани халқи тоҷик собит гардид;
  • Тоҷики соҳибтамаддунро тамаддунсозтар гардонид;
  • Файзи он аст, ки намои шаҳру деҳоти мо дар се даҳсола ба куллӣ тағйир ёфт;
  • Дар сархати Истиқлолият сулҳу ваҳдату созандагӣ қарор гирифт;
  • Забони тоҷикиро аз минбари СММ миллиардҳо нафар сокинони сайёра мешунаванд;
  • Меваҳои шаҳдбор дод, ки он ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиву умед ба фардои ояндаи нек аст;
  • Масъулияти миллатро бедор намуд, то андешаи фардои худро намояд;
  • Дастовардҳои бешумори халқи тоҷик ҳама файзи Истиқлолият мебошанд;
  • Шиори «Тоҷикистон ба пеш!» калом ва ҳазорон достони Истиқлолият аст!

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
доктори илмҳои филологӣ,
декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент пули мошингузар сохта мешавад
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ