Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад

Ноябрь 11, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз 26 октябр то 6 ноябр Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон гузаронида шуданд. Ҳадафи гузаронидани иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхчаю гулафшон ва дигар ваксинаҳоро мутахассиси соҳа шарҳ медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода иброз намуд, «иммунизатсияи иловагӣ байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кӯдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд) гузаронида мешавад».

Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон (ғайр аз шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Исфара ва Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ, Вахш ва Фархор) дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ карда мешаванд. Бо назардошти зичии муҳоҷират баргузории чорабинӣ дар шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст.

«Иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба он хотир гузаронида мешавад, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин гуна бемориҳо пешгирӣ карда шаванд. Бемории сурхча бемории шадиди сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавию ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх хос аст. Барангезандаи бемории сурхча вирус буда, ба воситаи ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир мегузарад», — гуфт Файзалӣ Саидзода.

Гуфта шуд, ки сурхча яке аз бемориҳои шадиди сироятӣ буда, тавассути ҳаво зуд паҳн мешавад ва метавонад боиси оризаҳои вазнин, аз ҷумла илтиҳоби шуш, энсефалит ва дигар мушкилоти саломатӣ гардад. Гулафшон низ бемории сироятӣ буда, махсусан барои занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро сироятёбӣ дар давраи ҳомиладорӣ метавонад ба ҷанин зарари вазнин расонад.

Иммунизатсия яке усулҳои муҳим дар ҳифзи саломатии кӯдакон ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Ваксинаҳо масуниятро мустаҳкам карда, на танҳо фарзандони шумо, балки атрофиёнатонро низ аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд.

Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳим ва муассири пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, дар таъмини саломатии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Чӣ қадаре ки одамон бар зидди сироятҳои муайян иммунизатсия карда шаванд, эҳтимоли пайдоиш ва хуруҷи ин бемориҳо, эпидемияҳо ва дигар намуди бемориҳои хатарнок камтар мегардад. Ин омил махсусан барои ҳифзи аҳолии осебпазир, ба монанди кӯдакон, нафарони гирифтори бемориҳои вазнини норасоии масуният, занони ҳомила ва одамони дорои бемориҳои музмин муҳим мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони аз давраи таваллуд то 16-сола ба ваксина фаро гирифта мешаванд.

Тавре аз Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика иттилоъ доданд, мутобиқи Тақвими миллии иммунизатсия, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кӯдакон аз давраи таваллуд то 16-солагӣ ёздаҳ намуди ваксинаҳои ҳаётан муҳимро дар чунин вояҳо қабул мекунанд. Инҳо ҳангоми таваллуд (давоми 24 соат): вояи сифрии ваксинаи даҳонии зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) (OPV) ва вояи якуми ваксинаи гепатити В-ро дар синни 3 то 5 рӯзи баъд аз таваллуд ваксинаи зидди бемории сил (BCG), дар 2-моҳагӣ вояи якуми ваксинаи пентавалентиро (бар зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии шакли b, гепатити В) дар якҷоягӣ бо вояҳои якуми ваксинаи ОПВ-1, зидди сирояти ротавирусӣ (Рота-1) ва зидди сирояти пневмококкӣ (ВПК-1), дар 3-моҳагӣ вояҳои дуюми ваксинаҳои пентаваленти-2, ОПВ-2, Рота-2 ва вояи якуми ИПВ1 (бар зидди полиомиелит), дар 4-моҳагӣ вояҳои сеюми ваксинаҳои пентаваленти-3, ОПВ-3 бо вояи дуюми ваксинаҳои ВПК-2, дар 9- моҳагӣ вояи дуюми ваксинаи ИПВ-2, дар 12-моҳагӣ вояи чоруми ваксинаи ОПВ-4 дар якҷоягӣ бо вояи якуми ваксинаи зидди бемориҳои сурхча, баногӯшак, гулафшон (СБГ-1) ва вояи сеюми ваксинаи ВПК-3, дар 16—23-моҳагӣ ваксинаи АКДС-4, дар 6-солагӣ вояи дуюми СБГ-2 бо АДС ва дар 16-солагӣ ваксинаи АДС-м-ро ҳамчун реваксинатсия кӯдакон бояд қабул кунанд.

Ваксинаҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, дорои сертификати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд, ки бехатарию самаранокии ҳар ваксинаро кафолат медиҳад.

Таъкид гардид, ки ҳар инсон вокуниши ҷавобии худро ба воридкунии тамоми намуди ваксинаи ба организми ӯ бегона дорад. Ҳангоми гирифтани ваксина бояд, пеш аз ҳама, волидон ба мавҷудияти аллергия дар фарзандашон, махсусан ба ҷузъҳои ваксина диққат диҳанд. Ҳамзамон волидоне, ки фарзандонашон бемории вазнини норасоии масуният доранд, бояд бо табиб маслиҳат кунанд, то муайян созанд, ки кадом намуди ваксинаҳоро фарзандонашон метавонанд қабул кунанд. Ҳангоми ҷой доштани бемориҳои шадид ва ё авҷгирии бемориҳои музмин ваксина гирифтан ба таъхир гузошта мешавад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, дар давраҳои авҷгирии бемориҳои музмин ё ҷой доштани бемориҳои шадид иммунизатсия то барқарор шудани саломатии кӯдак ба таъхир гузошта мешавад. Ин ҳолат метавонад аз 4 то 7 рӯзро дар бар гирад, махсусан ҳангоми шамолкашӣ ё зуком, ки бо баландшавии ҳарорати бадани кӯдак мегузарад. Дар ҳама ҳолат пеш аз гузаронидани иммунизатсия волидон бояд аз муоинаи табиби оилавӣ гузаранд ва ҳолати кӯдакро барои қабули ваксинаҳо арзёбӣ намоянд.

Тавсия дода намешавад, ки ба фарзандатон пешакӣ ва бе дастури табиби оилавӣ дору диҳед. Агар шумо дар бораи вокуниши эҳтимолӣ ба ваксина нигаронӣ дошта бошед, пеш аз иммунизатсия бо табиб машварат намоед.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 11, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд