Сафари Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ба Тоҷикистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 15 сентябр пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов аз шаҳри Душанбе ба Ашқобод баргашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов мулоқот намуданд, ки дар он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намуда, пас аз он дар шаҳри Душанбе бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






