Сафари Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ба Тоҷикистон анҷом ёфт

Сентябрь 15, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 15 сентябр пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов аз шаҳри Душанбе ба Ашқобод баргашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов мулоқот намуданд, ки дар он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ   баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намуда, пас аз он дар шаҳри Душанбе бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи омода намудани мутахассисонро дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ баррасӣ намуданд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. То имрӯз беш аз 10 000 чиптаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» фурӯхта шудааст
«РОҒУН»- ИНШООТИ АЗИМИ АСР. Гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо ин неругоҳ шинос шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ таҳти унвони «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа плюс» (CASP+) оғоз гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск иштирок намуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои тарҷума ва тарҷумашиносӣ баррасӣ гардиданд
Дар шаҳри Хоруғ имтиҳонҳои қабул ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» доир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли UNIDO дар Вена иштирок дорад
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 114-уми Шурои Созмони байналмилалии муҳоҷират иштирок намуд
ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун мақсад гузоштаанд истеҳсоли лимӯро ба 7000 тонна расонанд