Шумораи хонандагони Тоҷикистон нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад

Сентябрь 1, 2023 14:12

ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара изҳор доштанд, ки дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2022-2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Ҳамзамон Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм дастур доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам тадбир андешанд.

«Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру навсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешад», — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ҳамзамон иброз доштанд, ки барои иҷрои супоришҳои додашуда намояндагони мақомоти марказӣ, яъне роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ масъул мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 1, 2023 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид