Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид

Ноябрь 10, 2026 16:41

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум бо мақсади баррасии нақши ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муайян намудани дурнамои нави ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва инноватсионӣ баргузор карда шуд.

Дар форум аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими сиёсиву таърихӣ ва рамзи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, истиқлолияти давлатӣ ва низоми конститутсионии мамлакат таъкид гардид.

Иброз шуд, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар самтҳои ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ мавқеи кишварро дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ инъикос менамоянд.

Дар доираи форум Маркази илмию таҳқиқотии «Ташаббусҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ гардид. Иброз гардид, ки таъсиси марказ ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили равандҳои муосири сиёсати дохилию хориҷӣ, таҳқиқи масъалаҳои дипломатияи муосир ва густариши ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои таҳқиқотии дохилию хориҷӣ равона гардидааст.

Фаъолияти марказ, пеш аз ҳама, ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, омӯзиши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, таҳияи тавсияҳои илмию таҳлилӣ, баргузории конференсияву мизҳои мудаввар ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар самтҳои муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсатшиносӣ нигаронида мешавад. Ин иқдом барои тақвияти иқтидори таҳқиқотии филиал ва ташаккули муҳити мусоиди илмӣ заминаи нав фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар доираи форум Маркази рушди зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва технологияҳои рақамӣ низ ифтитоҳ гардид. Таъсиси марказ дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аҳаммияти махсус дорад.

Самтҳои асосии фаъолияти марказ ба омӯзиш ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ, коркарди маълумоти калон, таҳияи маҳсулоти рақамӣ, рушди малакаҳои рақамии донишҷӯёну омӯзгорон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ равона карда мешаванд. Инчунин марказ метавонад ҳамчун заминаи муҳими ҳамкории илмӣ ва амалии донишгоҳ бо сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои технологӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат намояд.

Дар идомаи чорабинӣ муаррифии китоби «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» баргузор гардид.

Дар китоб масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалияти стратегии рушди кишвар, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтанд.

Муаррифии асари мазкур барои шиносоии ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи хонандагон бо равандҳои асосии рушди давлатдории муосири Тоҷикистон, таҷрибаи амалисозии стратегияҳои миллӣ ва нақши ташаббусҳои давлатӣ дар пешбурди ҳадафҳои рушди кишвар аҳаммияти илмию маърифатӣ дорад.

Дар доираи форум конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, дипломатияи муосир, рушди устувор, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

Дар конференсия иштирокчиён маърузаҳои илмӣ ва таҳлилӣ намуда, доир ба таҷрибаи давлатдорӣ, равандҳои муосири муносибатҳои байналмилалӣ, нақши илму маориф дар рушди ҷомеа, истифодаи имконияти технологияҳои навин ва зарурати тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омӯзишу тарғиби дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи рушди кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар маҷмуъ, баргузории форуми байналмилалӣ ва чорабиниҳои дар доираи он пешбинишуда қадами муҳим дар самти густариши робитаҳои илмӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ, тақвияти иқтидори таҳқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти таълимӣ ва илмии филиал арзёбӣ мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2026 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд