ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, сешанбе, 255-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 12, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1910 дар Лос-Анҷелес Алиса Уэлс дар ҷаҳон аввалин зан-афсари политсия интихоб гардид.

***

12 сентябри соли 1959 аз космодроми Байконур дастгоҳи  байнисайёравии худкори «Луна-2» ба кайҳон фиристода шуд.

***

55 сол муқаддам, 12 сентябри соли 1968 Албания расман аз Созмони аҳдномаи Варшава баромад.

***

Соли  2011 дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии самаранокии неруи барқ баргузор гардид.

***

12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.

***

12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 12 сентябри соли 2014 дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.

***

12 сентябри соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон барои узви  комилҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай шудан аризаи расмӣ пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар маркази шаҳраки Зафаробод Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорон нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта, Парчами миллиро боло бардоштанд.

11 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Эфиопия – Рӯзи инқилоби миллӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Домуллоҷон Назаров, соли 1918 —мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Сентябрь 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш