ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, шанбе, 259-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 16, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1940 дар ИМА барои мардони аз 21 то 35-сола қонун дар бораи уҳдадориҳои умумиҳарбӣ қабул гардид.

***

Соли 1955 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз киштии зериобӣ ракетаи низомӣ-баллистикӣ сар дода шуд.

***

16 сентябри соли 1959 Президенти вақти Фаронса Шарл де Голл ба аҳолии Алҷазоир пешниҳод намуд, ки барои ба даст овардани истиқлолият аз Фаронса раъйпурсӣ баргузор намоянд.

***

16 сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон сохтмони Хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» оғоз гардид.

***

16 сол пеш, 16 сентябри соли  2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ҷудочии тоҷик Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон мақоми сеюм ба даст оварда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шаҳри Пекин роҳхат гирифт.

***

16 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

***

12 сол қабл, 16 сентябри соли 2011  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 – солагии таъсиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

***

16 сентябри соли 2015 дар «Кохи Наврӯз» — и шаҳри Душанбе Фестивали 5-уми байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, суханронӣ намуданд.

16 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ҳимояи қабати озон.

***

Дар Мексика – Рӯзи истиқлолият.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Собит Неъматуллоев, 1937 — олим, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1988—1995), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон.

Сентябрь 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, душанбе, 299 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, сешанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, душанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст