ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, душанбе, 268-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 25, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1818 табиби англис Ҷеймс Бланделл аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон амалиёти хунгузарониро аз як нафар ба нафари дигар анҷом дод.

***

25 сентябри соли 1996 дар Русия аввалин нашриёти мусиқавии «СОЮЗ» рӯнамоӣ шуд.

***

25 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзуи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон» суханронӣ намуданд.

***

15 сол қабл, 25 сентябри соли 2008 дар ИМА Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО, Шоҳзодаи Нидерланд ва муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар ноҳияи Данғара Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.

***

25 сентябри соли 2013 дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

***

Соли 2017  ТАСС хабар дод, ки дастаи Тоҷикистон ғолиби аввалин Чемпионати ғайрирасмии ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои сафоратҳо дар шаҳри Москва гардид.

25 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Мозамбик – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Фаронса –Рӯзи миллӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи миллии масхарабозон.

Сентябрь 25, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, душанбе, 299 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст