Тоҷикистон чун давлати барои сайёҳӣ мусоид ташаккул меёбад
ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон симои нави мусбати Тоҷикистон ҳамчун давлати барои сайёҳӣ мусоид фаъолона ташаккул меёбад ва дар Тоҷикистон тамоми имконият ва шароит барои ба мамлакати ҷолибтарини сайёҳии дунё табдил ёфтан фароҳам мебошад. Чунин изҳори назар намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ.
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ имрӯз дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи сайёҳии мамлакат чорабиниҳои гуногуни тарғиботӣ баргузор гардида, дар онҳо доир ба имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои таъмини рушди устувори соҳа дар шароити имрӯза сухан гуфта шуд.
Ба таъкиди Раиси Кумита, имрӯз сайёҳӣ омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисоди миллӣ буда, воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, эҳё ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.
«Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир бо амалӣ намудани барномаҳои зиёди давлатӣ, хусусан Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ то соли 2030 дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ якчанд натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд, ки дар асоси он ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва саҳми соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоиш касб намуд»,-изҳор дошт ӯ.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостониву асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд.
Камолиддин Муминзод рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми неру ва ваколатҳо ҷиҳати рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва иқтидори сайёҳӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти хосса тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллию ҷаҳонӣ ва рушди муносибатҳои сокинони сайёра ба шумор меравад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд






