Тоҷикистон чун давлати барои сайёҳӣ мусоид ташаккул меёбад

Сентябрь 27, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон симои нави мусбати Тоҷикистон ҳамчун давлати  барои  сайёҳӣ  мусоид фаъолона ташаккул меёбад ва дар Тоҷикистон тамоми имконият ва шароит барои ба мамлакати ҷолибтарини сайёҳии дунё табдил ёфтан фароҳам мебошад. Чунин изҳори назар намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ.

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ имрӯз дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи сайёҳии мамлакат чорабиниҳои гуногуни тарғиботӣ баргузор гардида, дар онҳо доир ба имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои таъмини рушди устувори соҳа дар шароити имрӯза сухан гуфта шуд.

Ба таъкиди  Раиси Кумита, имрӯз сайёҳӣ омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисоди миллӣ буда, воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, эҳё ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

«Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир бо  амалӣ намудани барномаҳои  зиёди давлатӣ, хусусан Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ то соли 2030 дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ якчанд натиҷаҳои  назаррас ба даст оварда шуданд, ки дар асоси он  ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва саҳми соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоиш касб намуд»,-изҳор дошт ӯ.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостониву асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Камолиддин Муминзод рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми неру ва ваколатҳо  ҷиҳати  рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва иқтидори сайёҳӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти хосса тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллию ҷаҳонӣ ва рушди муносибатҳои сокинони сайёра  ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол 1612 нафар сайёҳон табиати нотакрори Бадахшонро тамошо карданд
«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар шаҳри Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». 12 июл иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Тоҷикистон мерасанд