«ТОЗАГИИ МАҲАЛ ВА ШОҲРОҲ». Дар Душанбе ташаббуси экологӣ нишон дода шуд

Сентябрь 3, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди чор ноҳияи пойтахт иқдоми экологии «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.

Иқдоми «Тозагии маҳал» дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он партовҳои сахти маишӣ, пластикӣ ва дигар намуди партовҳо дар ҳаҷми 3,7 м3 ҷамъоварӣ ва бароварда шуданд.

Инчунин дар ноҳияи Шоҳмансур дар шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат иқдоми «Тозагии шоҳроҳ» доир гашт. Дар ҷараёни он шоҳроҳ тавассути техникаҳои махсус, ки қаблан аз офати табиӣ ифлос гардида буд, поккорӣ ва шуста шуд.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 3, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд