ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1125 то 0.1145 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9617 сомонӣ;
1 евро – 11.7586 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1125 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9617 то 11.0000 сомонӣ;
1 евро аз 11.7586 то 12.0500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1125 то 0.1145 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.5000 то 10.5727 сомонӣ муқаррар шудааст
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд






