Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии шаҳри Турсунзода асфалтпӯш карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳал асфалтпӯш карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Деҳаи Кадучӣ аз зумраи деҳаҳои дурдасттарини Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода буда, сокинони он асосан ба боғдорӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд.
Иқдоми асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллӣ ва байнидеҳавӣ, ки дар қаламрави шаҳри Турсунзода бештар бо саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллӣ амалӣ мегардад, сокинони заҳматпешаи деҳаи Кадучиро бетараф нагузошт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






