Ба Ҷопон тӯфони «Коину» наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфони «Коину» дар Ҷопон ба музофоти Окинава дар ҷануби ин кишвар наздик мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии ТАСС бо истинод ба идораи обуҳавошиносии Ҷопон хабар додааст.
Ҳоло тӯфон дар Уқёнуси Ором қарор дошта, ба самти шимолу ғарб ҳаракат менамояд. Дар назар аст, ки тӯфони Коину то 5 октябр наздикии ҷазираҳои дурдасти Окинаваро фаро гирифта, сипас ба самти Чин ҳаракат намояд.
Тибқи маълумоти идора, тӯфон метавонад ба селҳо оварда расонад ва сатҳи мавҷҳои баҳрро афзоиш диҳад, аз ин рӯ ба сокинони музофот тавсия дода мешавад, ки эҳтиёткор бошанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






