БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

Октябрь 3, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба сифати бинои ҳастии миллати тоҷик рушду таҳкими бештар пайдо намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ба ин муносибат дар зер андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи илмии ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ҳасани Султон манзур мегарданд.

— Мояи хушнудӣ ва ифтихор аст, ки дар 32 соли Истиқлолияти давлатӣ барои побарҷоию устуворӣ ва бақову пояндагии бинои ҳастии миллат, яъне забони модарии мо шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуд.

Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки забони тоҷикӣ бе маҳдудият дар ҳамаи соҳаҳову бахшҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор бигирад ва рушду боландагии бештар касб намояд. Ин воқеияти айнӣ барои бунёду ташаккули истилоҳоти соҳаҳои мухталиф заминаи созгор муҳайё намуд.

Фаъолияти Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 1990 муҷаддадан шуруъ гардида буд, дар солҳои аввали истиқлол то ба коми ҷанги таҳмилии дохилӣ кашида шудани ҷумҳурӣ бисёр пурсамар буд. Бахусус, фаъолияти раёсату садорати Кумита зери раҳбарии устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ ва аъзои муҳтарами раёсату садорат, устодон Муҳаммад Осимӣ, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Саидмуродов, Раззоқ Ғаффоров, Шарофиддини Рустам, Абдулқодир Маниёзов, Мусо Диноршоев, Ҷумъабой Азизқулов, Акбари Турсон, Бозор Собир, Ғаффор Ашуров, Саидҷаъфари Қодирӣ, Мақсуди Ҳоҷимуҳаммад ва ҳайати кории кумита муассир арзёбӣ мегардад. Барои муҳаққиқони соҳа ин марҳила дар таърихи ташаккули истилоҳоти тоҷикӣ ва бунёди асосҳои илмии он марҳилаи ниҳоят муҳим ва пурбор дониста мешавад.

Ёдоварӣ мебояд, ки дар муддати кӯтоҳ, то даргириҳо дар мамлакат, Кумитаи истилоҳот барои аксари вазорату идораҳо ва муассисаву корхонаҳои мамлакат истилоҳномаҳои фаъолият омода ва барои истифода ба онҳо пешниҳод намуд. Чанд фарҳангу луғатнома ва китобу дастур бо тасвиби кумита ба чоп расид.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ Кумитаи истилоҳот дубора ба фаъолият шуруъ намуд ва моҳи октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба масъалаҳои назорат ва танзими истилоҳоти тоҷикӣ машғул аст.

Бо ноил гардидан ба пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки пештар аз даврони Истиқлол таҳия ва ба тасвиб расида буд, мавриди бознигарӣ қарор дода шавад. Аз ин хотир 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав ба тасвиб расид ва ин таърих рӯзи гиромидошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки минбаъд ҳамасола дар мамлакат таҷлил мешавад.

Бояд таъкид дошт, ки қонуни мазкур бар мабнои меъёрҳои мақбул ва эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, доираи корбурд ва дурнамои рушди забони давлатиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар давраи Истиқлоли давлатӣ ва шароити нави дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷӣ танзиму муқаррар менамояд.

Бо муҳайё шудани имкону шароити бештар дар мамлакат давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ шуданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони модариро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. Ҳадафу вазифаҳои барномаи мавриди назар асосан нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони модарӣ ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат дар замони мо мебошад.

Яке аз иқдоми муҳим дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, дар самти арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллат эҳёи дубораи номҳои таърихии ҷуғрофӣ аст, ки бар асари сиёсатҳои давр ва ҷойи худро тағйир додани қавму қабилаҳои кӯчии саҳронишин номи худро дигар намудаанд. Бидуни шак, эҳёи номҳои таърихии Суғд, Бохтар, Хуҷанд, Хуросон, Леваканд ва ғайра на танҳо аҳамияти забонию фарҳангӣ доранд, балки барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ аз аҳамияти фаровон бархурдор ҳастанд.

Мусаллам аст, ки дар рӯзгори имрӯз тавону иқтидори ҳар миллату мамлакат бастагӣ ба артиш ва неруҳои мусаллаҳи он дорад. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор гирифт ва имрӯз ҳама гуна расмиёт ва машқҳои низомӣ ба забони тоҷикӣ анҷом мепазиранд.

Дигар аз иқдоми муҳимми рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони илм эътироф шудани забони тоҷикӣ дар қаламрави мамлакат ва таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълифи асарҳои илмӣ дар ҳамаи бахшу соҳаҳо, бахусус дар илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои сайқал хӯрдани забони модарӣ, ҳамқадами замон рушд ёфтан ва ба пояи забони илми муосир расидани он беш аз пеш мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, вазъу ҳолати бинои ҳастии миллати тоҷик, яъне забони тоҷикиро дар даврони Истиқлолияти давлатӣ чунин метавон хулосаву натиҷагирӣ намуд:

  1. Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт ва ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳамаи вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ, қатъи назар аз шакли моликият ва дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба даст овард.
  2. Муносибати аҳли ҷомеа ба забони тоҷикӣ ба гунаи мусбат тағйир ёфт ва бетафовутӣ нисбат ба ин забон, ки дар даврони то истиқлолият дар байни баъзе табақаҳои аҳолӣ каме ба мушоҳида мерасид, комилан аз байн рафт.
  3. Забони таълифи асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат бештар симои тоҷикона гирифтанд.
  4. Номҳои аслии таърихию ҷуғрофӣ, ки дар умқи таърих ва забони мо реша доранд ва бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои саҳронишини кӯчӣ дигар шудаанд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва болобурди сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳамияти бузург доранд.
  5. Забони тоҷикӣ ба сифати забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи мамлакат пазируфта шуд ва иҷрои ҳама расмиёту машқҳои низомӣ ба ин забон ба роҳ монда шуд.
  6. Забони тоҷикӣ дар мамлакат забони илм эълон гардид. Дар баробари ин, таъсис гардидани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз намуд.

Забони тоҷикӣ дар давоми  бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба ваҷҳи аҳсан ба исбот расонд.

Ҳосили сухан, даврони Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ воқеан рӯзгори таҳкиму побарҷоии бинои ҳастии миллат — забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад, ки дар амри пешрафту боландагӣ, бақову пойдорӣ, устуворию мондагорӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани он нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ арзёбӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«TASHKENT GRAND SLAM». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ба даст овард
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармояи ширкатҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
«TASHKENT GRAND SLAM». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба даври финалӣ баромад
Дар моҳи март сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид
Дар Анталия раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт
Имрӯз даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Аввалин шинохти таъриху фарҳанги ҳар миллат аз либоси миллӣ ибтидо мегирад