Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Шуроҳои амрикоии таҳсилоти байналмилалӣ созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Шуроҳои амрикоии таҳсилоти байналмилалӣ созишнома ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ доданд.
Созишнома имкон медиҳад, ки барои омӯзгорони забони англисӣ, донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон дастраси ба маводи таълимии забони англисӣ муҳайё карда шавад ва ҳамзамон барномаҳои ба монанди FLEX, TEA, Maskie, JFDP ва амсоли инҳо омӯзиш дода шаванд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, чанде пеш ҳамчунин байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи омӯзгории Арқалиқ ба номи И.Олтинсарини Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи созишнома рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолияти ҷонибҳо мебошад.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан бо 104 муассисаи олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ҳамкории судманд амалӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст






