Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгории Арқалиқи Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Октябрь 20, 2023 16:54

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи омӯзгории Арқалиқ ба номи И.Олтинсарини Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи ҳамкорӣ байни ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишкадаи омӯзгории Арқалиқ ба номи И.Олтинсарин, профессор Эржан Эмирбекули дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи созишнома   рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолияти ҷонибҳо мебошад.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан бо 104 муассисаи олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ҳамкории судмандро амалӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Октябрь 20, 2023 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад