Дар Афғонистон силсилаи заминларзаҳо сабт гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимолу ғарби Афғонистон ду заминларза ба амал омад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 11 октябр Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар додааст.
Аввалин такони зеризаминӣ бо шиддати 6,3 балл соати 00:41 сабт гардид. Маркази он дар масофаи километри 34-уми самти шимолу ғарби Ҳирот ҷойгир буда, дар он тақрибан 272 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд.
Баъдтар, соати 00:52 боз як заминларза бо шиддати 5,0 балл рух додааст, ки маркази он дар масофаи километри 28-уми самти шимолу ғарби Ҳирот ҷойгир будааст. Марказ инчунин дар умқи 10 км ҷойгир будааст.
Қаблан, 8 октябр, шабакаи TOLO News иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи заминларза дар ғарби Афғонистон беш аз 2,4 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар ғарби Афғонистон якчанд заминларзаи шадид рух дод. Тибқи маълумоти Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таконҳои шадиди зеризаминӣ дар километри 35-уми самти шимолу ғарби Ҳирот ба амал омаданд, ки яке аз онҳо дорои шиддати 6,3 балл буд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






