Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шурои комплаенс (мутобиқат) бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), аз ҷумла вазоратҳои адлия, молия, хадамоти алоқа, инчунин намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва ташкилоти суғуртавии мамлакат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа оид ба пайомадҳои ногувори ҷаҳони имрӯза, аз қабили таҳдидҳо ва маблағгузорӣ ба терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин зиёд гардидани амалҳои қаллобӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бо роҳи ташвиқ ва тарғибҳои бардурӯғ тавассути фазои интернетӣ бо мақсади гирифтани даромади муфт маълумот пешниҳод гардид. Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии чунин зуҳурот якҷоя кӯшишу талош намоянд.
Инчунин намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ бо рӯнамоҳо оид ба тағйироти баамаломада дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, раванди ҳисоботсупорӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он сухан гуфтанд.
Ҳамзамон дар ҷараёни муҳокимарониҳо кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мулоҳизаҳои худро иброз дошта, вобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ ҷиҳати беҳтар намудани низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд






