Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд

Октябрь 28, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.Масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби президенти БАТР  Маттео Патроне дар шаҳри  Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо таҳкими низоми молиявию бонкӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусиро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба такмили низоми суғурта, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, рушди маблағгузории устувор ва дастгирии лоиҳаҳои сабз зоҳир гардид. Ҳамчунин масъалаҳои татбиқи принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Ҷонибҳо инчунин рушди механизмҳои тақсими хавфҳоро ҳамчун воситаи тавсеаи қарздиҳӣ ва беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон, бахусус субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба маблағгузории дарозмуҳлат баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки истифодаи чунин механизмҳо метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат намояд. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои таҳкими назорати дохилӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо ва риояи талаботи байналмилалӣ баррасӣ шуданд.  

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории судманд дар самти таҳкими устувории низоми молиявӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуданд.

             АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст