Дар Душанбе дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Син Хон Чхол мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея манфиатбор шуморида шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






