Дар Венетсия дар натиҷаи аз болои гузаргоҳ афтодани автобус 21 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи аз болои гузаргоҳ афтодани автобус дар минтақаи материкии Венетсия 21 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.
Садама рӯзи сешанбе дар гузаргоҳи минтақаи материкии Венетсия- Местре дар самти минтақаи Маргера рух додааст.
Мушаххас гардид, ки эстакада аз болои роҳи оҳан мегузарад. Бо сабабҳои номаълум автобус панҷараи паҳлуи пулро рахна намуда, байни анбор ва роҳҳои истгоҳ афтодааст. Дар натиҷаи афтодан воситаи нақлиёт ба ноқилҳои баландшиддат бархӯрдааст, ки онҳо оташ гирифтаанд.
Тибқи маълумоти музофоти маҳаллӣ, дар садамаи нақлиётӣ 21 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҳалок гардидааст. Дар бораи шумораи зиёди зарардидагон низ иттилоъ дода шуда, якчанд нафар ба рӯйхати бедаракшудагон дохил шудаанд.
Ҳокими Венетсия Луиҷи Бруняро ба ҷойи ҳодиса рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, автобус сайёҳонро интиқол медодааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






