ФИРДАВСӢ ВА ШУКУҲИ ҲАМОСАСАРОИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи конференсияи байналмилалӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ба кор оғоз намуд. Андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон дар мавзуи «Фирдавсӣ ва шукуҳи ҳамосасароии миллӣ».
-Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) аз силсилаи шоирони бузурги аҳди Сомонӣ аст, ки шукуҳи ҳамосасароии миллӣ ва тарғибу ташвиқи ватанхоҳию истиқлолталабӣ дар забони модарии мо ба номи ӯ алоқаманд аст.
Ҳамосасароӣ дар забони модарии мо аслан таърихи дерин ва реша дар худойнома ва корномаҳои қадим дорад. Дар гузаштаи дур асари дорои мазмуни ҳамосӣ ғолибан «худойнома» ном бурда мешуд, ки баъдан «шоҳнома» ном гирифт.
Баъзе муҳаққиқону муаррихон дар хусуси таълифи «Шоҳнома»-и манзуми Масъудии Марвазӣ изҳори назар намудаанд. Абуалии Балъамӣ дар «Таърихи Балъамӣ» аз мавҷуд будани «Шоҳномаҳо»-и бузург ёд намуда, Ибни Исфандёр дар «Таърихи Табаристон» аз «Шоҳнома»-и Муайядӣ хабар додааст.
Дар байни «Шоҳнома»-ҳои мансур муҳаққиқон ба «Гаршосбнома»-и Абулмуайяди Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, ки муқаддимаи он то замони мо боқӣ мондааст, арҷ ниҳодаанд.
Вале нахустин касе, ки ба таълифи «Шоҳнома» манзум бо дастури амири сомонӣ – Нуҳ ибни Мансур ҷиддан камари ҳиммат баст, Дақиқии шоир буд. Ба дасти ғуломе кушта шудани Дақиқӣ имкон надод, ки вай назми ин ҳамосаи миллии мардуми куҳантаърихи моро анҷом бахшад. Бино бар ин, эҳтимоли қавӣ меравад, ки бо салоҳдиди дӯстон ва дастуру ҳидояти ҳамин амири сомонӣ таълифи «Шоҳнома» ба зиммаи Фирдавсӣ вогузор шуд ва ҳакими фарзона – Фирдавсии Тӯсӣ бо таълифи ин шоҳасар дар забони мо аз назми оламгир чунон «кохе баланд»-у муҳташам бунёд ниҳод, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо аз боду борони рӯзгор осебу газанд нахоҳад дид:
Биноҳои обод гарданд хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд…
Дар баробари ин, ёдоварӣ мебояд, ки Фирдавсӣ ҳазор байти сурудаи Дақиқиро ба «Шоҳнома»-и худ ҳамроҳ намуда, ба «Шоҳнома» ё «Гуштоспнома»-и Дақиқӣ умри абад бахшид. Бузургтарин хидмати Дақиқӣ дар шоҳномасароӣ ин аст, ки барои сурудани «Шоҳнома» вазни шоистаи ҳамосасароӣ – баҳри мутақорибро интихоб намуд ва Фирдавсӣ ба пайравӣ аз ӯ назми «Шоҳнома»-ро дар ҳамин баҳр анҷом дод.
Зимнан, Фирдавсӣ ҳамчунин аз сурудаҳои зиёди пешиниёни худ дар ин замина ёдовар шудааст, ки бори дигар аз таърихи қадим доштани забони модарии мо гувоҳӣ медиҳад:
Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд,
Ман аз гуфта хоҳам яке бо ту ронд.
Сухан ҳар чӣ гӯям, ҳама гуфтаанд,
Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.
Ин нукта ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки шоири бузург барои муайян намудани ҷузъиёти баъзе ҳодисаву воқеаҳои таърихи пурифтихори гузаштагони мо бештар аз нақлу ривояти мардуми Фарорӯду Хуросон мадад ҷустааст. Масалан, Фирдавсӣ ривояти марбут ба оқибати кори Рустами Дастонро аз Озодсарв ном сокини Марв шунидааст, ё достони бар тахт нишастани Ҳурмузди Анӯшервонро ба Фирдавсӣ Мох ном марзбони Ҳирот нақл намудааст.
Меҳвари андешаҳои Фирдавсиро дар «Шоҳнома» дар баробари ватанхоҳию истиқлолталабӣ ҳамчунин хирадварзию хирадгароӣ ва тарғиби донишу хирад ташкил медиҳад:
Хирад раҳнамову хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой…
Аз ӯ шодмонӣ в-аз ӯ хуррамист,
Аз ӯ ҳам фузунию ҳам з-ӯ камист…
Нахустофариниш хирадро шинос,
Нигаҳбони ҷон асту они сипос…
Ҳамеша хирадро ту дастур дор
Бад-ӯ ҷонат аз носазо дур дор.
Дар «Шоҳнома» таърихи асотирии ойин ниҳодани ҷашнҳои қадими мардуми мо – Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба ваҷҳи неку тасвир шудааст. Фирдавсӣ бунёди ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Меҳргонро ба Фаридун ва ҷашни Садаро ба Ҳушанг нисбат додааст.
Дар «Шоҳнома»-и безавол баробарии инсонҳо қатъи назар аз рангу пӯст дар қиссаи накӯҳиш намудани Зол падараш Соми Наримонро, ки фарзанди худро бар хилофи қавонини офариниш, ба хотири сапедии мӯй дар кӯҳ пинҳон карда буд, сареҳан таъйид шудааст:
Зи модар бизодам, бияндохтӣ,
Ба кӯҳ андарам ҷойгаҳ сохтӣ.
Фикандӣ ба тимор зояндаро,
Ба оташ супурдӣ физояндаро.
На гаҳвора дидам, на пистони шир,
На аз ҳеч хушшӣ маро буд вир…
Туро бо ҷаҳонофарин буд ҷанг,
Ки аз чӣ сапеду сиёҳ аст ранг?
Ҷавҳари андешаи Фирдавсӣ дар ин суруда ва сурудаҳои дигари ӯ ин аст, ки инсонҳо бо вуҷуди гуногунии рангу пӯст бо ҳамдигар баробаранд, вале он чи ба онҳо дар байни ҳамнавъони худ имтиёзу бартарӣ мебахшад, донишу хиради онҳо аст.
Гузашта аз ин, асолату ҳувияти ориёӣ, ки ба донишу хиради азалии мардуми мо ва аз оғоз ба тамаддунофарӣ ва ободон доштани ҷаҳон шуғл варзидани онон бастагӣ дорад, мояи ифтихор ва манбаи илҳоми Фирдавсӣ дар сурудани «Шоҳнома» мебошад. Шоир аз шукуҳу ҷалоли сарзамини аҷдодии худ сар бар осмон дорад ва харобию забунии онро ба ҳеч ваҷҳ намепазирад:
Ҳама ҷойи ҷангисаворон будӣ,
Нишастангаҳи шаҳриёрон будӣ.
Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Шоири бузург дар солҳои охири умри худ, ки турктози рӯзгор, заволи давлати Сомониён ва ба сари кор омадани мардуми беҳунари «андар табораш бузургӣ набуд»-ро ба чашми худ дид, ба рағми ин ҳама бедоди рӯзгор чора ғайр аз ин надонист, ки аз қаҳрамонони сурудаҳои худ мадад ҷуста, аз забони онҳо садои эътироз баланд намояд. Ба баёни дигар, ба назар чунин мерасад, ки Фирдавсии бузург бар асари фурӯпошии давлати Сомониён бими дигарбора аз даст додани асолату бузургии мардуми моро ба мушоҳида гирифт ва дар охири «Шоҳнома», аз номи сипаҳдори лашкари Эронзамин – Рустами Ҳурмузд, дар номаи пурсӯзи ӯ ба бародараш пас аз шикасти Қодисия ва пирӯзии арабҳо ҳамин матлабро бо андӯҳу таассуфи фаровон ба қалам овард:
Зи паймон бигарданду аз ростӣ,
Гиромӣ шавад кажжию костӣ…
Дар маҷмуъ, «Шоҳнома» муҳимтарин санади аслияти миллӣ ва барҷастатарин намунаи забони модарии мо дар аҳди Сомонӣ аст, ки дар он Фирдавсии бузург моро ба гиромидошти гузашта ва имрӯзсозию ояндасозии боиставу шоиста фаро мехонад:
Ниёкони мо тоҷдорони даҳр,
Ки аз додашон офарин буд баҳр,
Наҷустанд ҷуз доду оҳистагӣ,
Бузургию гурдию шоистагӣ.
АКС аз манбаъҳои боз