Фурудгоҳи Лондон бо сабаби сӯхтор дар таваққуфгоҳ тамоми парвозҳоро ба таъхир гузошт

Октябрь 11, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи парвозҳои фурудгоҳи Лутони Лондон бо сабаби сӯхтори бузурге, ки шаби сешанбе дар таваққуфгоҳ рух дод, қатъ гардидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус РИА «Новости» бо истинод ба нашрияи бритониёии Telegraph хабар додааст.

«Ҳамаи парвозҳо дар айни замон мавқуф гузошта шудаанд, зеро хадамоти фавқулода ба сӯхтор дар терминали таваққуфгоҳи автомобилии №2 машғул мебошанд», — изҳор намуд намояндаи фурудгоҳ.

Тибқи маълумоти Telegraph, намояндаи фурудгоҳ инчунин дар бораи маҳдуд намудани дастрасӣ ба бандари ҳавоӣ иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои нашрия, сӯхтор дар ошёнаи болоии таваққуфгоҳи бисёрқабатаи фурудгоҳ ба амал омадааст. Ҳамчунин дар бораи таркишҳои баланд ва ба кор даромадани сигналҳои автоматӣ хабар дода мешавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд