Имрӯз Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 09:00 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар иҷлосия гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуда, ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 66 тасдиқ мешавад.
Ҳамчунин амалишавии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 баррасӣ мегардад.
Ҳамзамон ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 дар шаҳри Душанбе шунида мешавад.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 7 октябри соли 2023 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






