Маҳмадтоир Зокирзода бо Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки «мо саҳми Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳро, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба аҳамияти пешбурди таҳаммулпазирӣ ва сулҳу амонӣ, ҳамзамон муколама байни ҷонибҳои манфиатдори мухталиф мусоидат намудааст, баланд арзёбӣ менамоем».
Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад.
Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст.
«Мо мехоҳем бо истифода аз имконияти васеи созмони Шумо дар сатҳи байналмилалӣ бори дигар ҳамин таҷрибаи сулҳхоҳонаро ба ҷаҳониён аз тариқи Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳамаҷониба ва беҳтар муаррифӣ намоем. Зеро таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ чун падидаи нодир эътироф гардидааст»,-гуфт дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






