Нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев дар Боғи фарҳангию фароғатии деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 20 октябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз рӯйи нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ Миралӣ Маҳмадалиев парда бардошта, руҳи ӯро шод намуданд. Дар як гўшаи боғ ҳамчунин мошини хизматии ин деҳқони соҳибтаҷриба ба намоиш гузошта шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки ноҳияи Восеъ бо шахсиятҳои кордону ташаббускор ва пешоҳанг маъруф гардидааст. Ханўз дар даврони то соҳибистиқлолӣ барои меҳнати фидокорона ва нишондиҳандаҳои назаррас 11 нафар бо унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардида буданд. Яке аз онҳо собиқ роҳбари хоҷагии ба номи Ленин шодравон Миралӣ Маҳмадалиев мебошад, ки бо кордонию инсондӯстӣ ва талошҳову ташаббусҳо деҳаи Охҷарро ба маркази ободу пешрафтаи ноҳияи Восеъ табдил дода буд.
Ҳамон вақт дар ин деҳа роҳҳои тахту ҳамвор сохта шуда, сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин буданд. Дар баробари дигар иншоот муассисаҳои фарҳангии деҳа ободу дар хизмати мардуми фарҳангдӯст буданд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин деҳқони номдору асил иброз доштанд: «Миралӣ Маҳмадалиев ҳамчун фарзанди деҳқон, дар давоми умри пурбаракаташ аз кишоварзи одӣ сар карда, то ба мартабаи раиси хоҷагии калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ расида, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи сазовор гузошта, ҳамчун мураббии мушфиқу меҳрубон пайравони зиёдеро дар соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ тарбия намуда, ба воя расонидаанд».

Миралӣ Маҳмадалиев аз зумраи шахсиятҳои номдори ҷумҳурӣ буд, ки 52 сол раисии колхози маъруфи ба номи Ленини ноҳияи Восеъро ба уҳда дошт. Дар муддати раисии ў 3 боғчаи доимамалкунанда, 11 боғчаи мавсимӣ, 2 қасри маданият, Маҷмааи варзишиву истироҳатӣ, 8 клуб, 11 китобхона, 10 комбинати хизмати маишӣ, 2 маркази савдо, беш аз 50 бошишгоҳи саҳроӣ, чанд фермаи чорводорӣ ва санатория – профилактория барои 100 кат сохта ба истифода дода шудааст.
Ӯ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (соли 1951), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (соли 1947) узви Совети умумииттифоқии раисони колхозҳо (1969) буд. Бо 6 ордени Ленин, орденҳои «Инқилоби Октябр», «Байрақи сурхи меҳнат» ва медалҳо, аз ҷумла 5 медали калони тилло ва 2 нуқраи НКХХ — и СССР сарфароз гардидааст. Инчунин, бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонда шудааст.
Хизматҳои шоёни ўро ба назар гирифта Ҳукумати Тоҷикистон ин шахси меҳнатдўсту кордонро бо орденҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Дӯстӣ» сарфароз гардонд. Имрўз кишоварзону чорводорон, боғпарварони ноҳияи Восеъ таҷрибаи бойи шодравон Миралӣ Маҳмадалиевро омўхта, онро барои пешрафти кори худ истифода мебарад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






