Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода давлатҳои аъзои СҲШ-ро ба татбиқи бетаъхири Стратегияи рушди иқтисодии Созмон барои давраи то соли 2030 даъват намуд

Октябрь 26, 2023 17:24

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими дурнамо ва тадбирҳои таъмиқи ҳамкории байни давлатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, гуманитарӣ ва ғайра имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаи 22-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки давлатҳои СҲШ бояд қабули нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии ин созмон суръат бахшанд.

«Зарур мешуморам, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва қабули нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаи СҲШ суръат бахшида шавад», — тазаккур дод Сарвазири Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, моҳи июли соли 2023 дар Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ гардида буд. Он беш аз 15 барнома, аз ҷумла харитаи роҳ барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар бар мегирад.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин илова намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба ҷалби технологияҳои пешрафтаи коркарди ашёи хом, рушди мошинсозӣ, истихроҷи ангиштсанг, истихроҷи маъдан, саноати сабук, хӯрокворӣ ва ғайра манфиатдор мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 26, 2023 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд